Шаҳрдории Душанбе озмун эълон менамояд
Душанбе, 05.08.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ»-и пойтахт озмун эълон менамояд. Озмун то 30 августи соли равон идома ёфта, 4 сентябр ҷамъбаст мегардад. Синну сол дар озмун маҳдудият надошта, ба довталабоне, ки маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда доранд афзалият дода шуда, музди маош беш аз 700 сомонист. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, имкон доранд ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Назар ба иттилои Асомиддин Бобоев-мутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе: -алҳол дар пойтахт 10 мактаби варзишӣ, ва беш аз 660 иншооти варзишӣ фаъолият менамояд, ки нақши онҳо дар ташаккули навъҳои гуногуни варзиш дар пойтахт назаррас аст. Инчунин баъд аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 ҷараён гирифта буд, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт беш аз 30 майдончаҳои муосири варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






