Шартномаи дуҷониба бо Федератсияи Россия
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани шиддати бекорӣ дар бозори меҳнат тадбирҳои зарурӣ меандешад.Бо ин мақсад директори Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа Ҳомид Толибов аз шаҳри Хоруғ, минтақаҳои поёнии вилоят дидан намуда, бо сокинон, бахусус бо ҷавонон сўҳбату мулоқотҳои судмандро анҷом дод.Зикр шуд, ки Агентии бо кор таъминкунӣ бо як қатор ширкатҳои вилояти Липетски Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бобати таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷой кор шартномаи ду ҷониба ба имзо расонид.Мутобиқи созишномаҳои тарафайн ширкатҳои бурунмарзӣ муҳоҷирони тоҷикро натанҳо бо кор, маоши хуб, ҷой хоб пурра таъмин менамоянд, балки ҳуқуку манфиатҳои онҳоро низ зери ҳимоя қарор медиҳанд.Бо ибтикори Агентӣ дар марҳилаи аввал 50- нафар хоҳишмандон ҷавонони бешуғл аз шаҳри Хоруғ бо ҷой кор таъмин карда мешаванд. Дар марҳилаи навбатӣ шумораи бештари хоҳишмандон аз ВМКБ барои фаъолияти минбаъда ба вилоятҳои дигари Федератсияи Русия сафарбар карда мешаванд.Абдуллохи Кодири- сухангуи Хадамоти мухоҷират.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






