Шиносоии Э.Раҳмон бо рафти сохтмони Қасри Фарҳанги ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Қасри Фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳиявӣ шинос шуд.Тавре иттилоъ доданд, Бинои сеошёнаи Қасри Фарҳанги Ҳисор аз як толори калони дорои 700 ҷойи нишаст ва толору утоқҳои зиёди дигар иборат буда, бо харҷи 17,3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га бунёд меёбад. Барои сохтмон ва таҷҳизи он аз ҷониби ҶДММ Монолити шаҳри Душанбе 70 нафар ба кор ҷалб карда шудааст.Китобхонаю Осорхона бошад, ҳарду бо харҷи 15 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд. Дар сохтмони онҳо қариб 100 нафар бинокорон бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Биноҳои Қасри фарҳанг ва Китобхонаю Осорхонаи ноҳияи Ҳисор ба ҳам наздик сохта шуда, майдони миёни онҳо тибқи супоришу маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гулу гулзор ва фаввораҳои рангоранг ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






