“Шири модар — сарчашмаи муваффақ шудан дар ҳаёт”
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳамасолда даҳаи аввали моҳи август ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҷлил карда мешавад.Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз 1-ум то 10-уми август дар Маркази саломатии шаҳри Чкалов чорабиние бо шиори “Шири модар — сарчашмаи муваффақ шудан дар ҳаёт” гузаронида шуд. Дар ин замина бо аҳолӣ дар робита ба аҳамияти ғизои табиӣ-шири модар суҳбату вохӯриҳо доир гардид. Тавре сарвари марказ — Малика Қосимова иттилоъ дод, аз ҷониби мутахассисони Маркази солимии репродуктивӣ, табибони оилавии Маркази саломатии шаҳр дар ин давра дар мавзӯи пешгириии бемориҳои сироятӣ, аҳамияти шири модар, пешгирии бемориҳои кӯдакона ва дар маҷмӯъ оид ба баланд бардоштани солимии ҷомеа ва тарғиби ҳаёти солим бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида шудааст.Ба ақидаи мутахассисони соҳаи тиб шири модар дар самти пешгирии бемориҳои кӯдакона, аз ҷумла бемориҳои дарунравӣ, роҳи нафас, камвазнӣ ва камхунӣ ягона васила буда, кӯдакро аз дигар бемориҳо эмин нигоҳ медорад ва ҷиҳати солиму бардавом ба воя расидани он таъсири беш мерасонад. Ба ин хотир табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдак бояд то синни 2-солагиаш дар баробари дигар маводи ғизоии иловагӣ аз шири модар низ истифода барад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






