Соҳибони дорухонаҳо ҷарима шуданд
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова). – Ба гуфтаи сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои дорусозии вилояти Хатлон Маҳмудҷон Қараев, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ дар дорухонаҳои вилояти Хатлон 76 бастаи 5 номгӯи доруи қочоқӣ аз қабили акебовигин, эутирокс, артоксан, калсий – Дз Никомед мусодира шуд.
Маҳмудҷон Қараев ин ҳолатро шарҳ дода, гуфт, ки доруҳои номбаршуда хилофи қонун ба ҷумҳурӣ оварда ва бидуни иҷозатнома савдо мешуданд. Бинобар ин соҳибони дорухонаҳои ба савдобаровардаи чунин доруҳо ҷаримабандӣ шуданд, ки маблағи умумии он 15 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар вилояти Хатлон 308 дорухона фаъолият доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






