Сокинони Чорсада ба маҳалли нав кӯч бастанд
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-«81 хоҷагии деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод ба озод намудани минтақа шурӯъ намуда, сокинони 31 хоҷагии ин деҳа ба маҳалли нави зист кӯч бастанд»,- гуфт мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати экологии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Ислом Раҳматулоев.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъала тибқи фармоиши Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар деҳаи Чорсада Ситоди муҳоҷират ташкил шуда, ба он намояндагони тамоми сохторҳои идораҳои давлатии ноҳия шомил шудаанд.
Дар айни замон, дар миёни аҳолии деҳаи Чорсада, ки 146 хоҷагиро ташкил менамояд, бо мақсади дарки моҳияти масъала корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.
Барои кўчонидани молу амволи аҳолии деҳаи Чорсада 29 адад мошинҳои боркаш ҷудо шудааст. Кўчонидани муҳоҷирон аз деҳаи Чорсада муташаккилона идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






