Суғд: 240 иншоот ба истифода дода мешавад
Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба ҷашни 20 — солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бинокорони вилояти Суғд азм доранд, ки соли равон 240 иншооти истеҳсолӣ ва маишию фароғатиро ба истифода диҳанд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд то имрӯз 123 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Фондҳои асосии то имрӯз ба истифода дода шуда, зиёда аз 158,2 миллион сомониро ташкил мекунад.Ҳамзамон сохтмоничиёни вилоят соли ҷорӣ дар ҳаҷми 96 ҳазору 225 метри мураббаъ манзилгоҳҳо бунёд намудаанд.Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия бар зидди экстремизмДушанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия доир шуд.Дар ин нишаст, ки таҳти роҳбарии вазирони корҳои дохилии ду кишвар — Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколсев доир гардид, масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи муқовимат бар зидди экстремизм, дурнамои ҳамкориҳои воҳидҳои ташхисӣ — криминалистӣ ва тасдиқи нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҳамчунин дар мушовараи мазкур Протокол оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Департаменти тафтишотии ВКД Федератсияи Русия ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






