Суғд: Ба роҳ мондани идораи нақлиёти мусофиркаш
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияту намояндагони Дафтари ҳамкории Ҳукумати Шветсария дар Тоҷикистон дар ҳайати Регина Гуян — роҳбари барномаҳои паст намудани камбизоатӣ, Руслан Содиков — ҳамоҳангсозии кулли барномаҳои инфрасохторӣ, Акмал Еркаев — роҳбари лоиҳаҳои инфрасохтории Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо доир ба таҷрибаи хуби ҳамкорӣ ва натиҷаҳои самарабахши онҳо дар амалишавии лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ изҳори назар намуда, нуқтаи муҳими ин лоҳаҳоро дар боло рафтани эътимоди шарикӣ ва сатҳи баланди иҷрои ин лоиҳаҳо арзёбӣ намуданд.
Намояндагони Дафтари ҳамкорӣ изҳори омодагии худро барои идомаи таҳлил ва оғози баррасии лоиҳаҳои барқарор кардани низоми оби нӯшокӣ ва ташноб, шабакаҳои гармидиҳӣ ва барқӣ, бунёди коргоҳи коркарди партовҳои сахти маишӣ, алалхусус ба роҳ мондани идораи нақлиёти мусофиркаш баён намуданд.
Аз ҷониби Дафтари ҳамкории Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон як барномаи махсус оид ба тараққиёти инфрасохторҳои маркази вилоят дар доираи амалишавии лоиҳаи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ оғоз хоҳад шуд. Намояндагон ҳамчунин иброз намуданд, ки қарордоди марҳилаи сеюми беҳтар намудани вазъи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд ба имзо хоҳад расид. Қисмати бештари ин лоиҳаро таҷдид ва навсозии ташноб ташкил хоҳад дод.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умед намуд, ки лоиҳаҳои дар асоси ҳамкорӣ амалишаванда барои беҳдошти шароити зиндагии мардум нақши муҳим хоҳанд дошт.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






