Суғд: сипоснома ба табибони пешқадам
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чорабинии идона доир гардид.
Абдураҳмон Қодирӣ иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони соҳаи тандурустӣ табрик гуфта, изҳори умед намуд, ки табибони вилоят ҷиҳати беҳтар намудани саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи тандурустӣ наздики 120 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123 фоиз зиёд аст. Бо мақсади сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи соҳавӣ соли 2014 сохтмон ва таъмири 55 иншооти тандурустӣ, 42 шуъбаи муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят ба пешқадамони соҳаи тандурустӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






