Суғд: ситоди «Зимистони соли 2014-2015»
Душанбе, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ситоди «Зимистони соли 2014-2015» таъсис дода шуд.Дар бораи таъсиси ин ситод зимни ҷаласаи шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ дода шуд.Ба иттилои масъулини шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд муассисаҳои таълимии шаҳр то ин дам бо 1744 адад гармкунаки барқӣ ва 564 адад печи бухорӣ муҷаҳҳаз буда, дар ҳолати коршоям қарор доранд. Қариб дар ҳамаи 47 мактаб ва 35 кӯдакистон, дар маҷмуъ 82 муассисаи таълимӣ хати барқи озод кашида шудааст. Синфхонаҳои компютерӣ бо 47 адад генератор муҷаҳҳаз гардонида шудааст.Тибқи маълумотҳо эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ ба сӯзишворӣ, аз ҷумла ба ангишт 250 тонна, ҳезум 146 м3 ва шишабандӣ 705м2 муайян карда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






