Суғд: Занҳои хонашин касб меомӯзанд
Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар ноҳияи Ғончӣ барои занони хонашин семинари серӯзаи омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ бо ҳамкории Ассосиатсияи занҳои соҳибкор ташкил гардида, тӯли се рӯз ба 15 нафар занҳои хонашин нозукиҳои касби сӯзанидӯзӣ омӯзонида шуд.Зимнан, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва ба ин васила соҳиби ҷои кор намудани бонувон яке аз ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб ёфта, дар соли ҷорӣ корҳои назаррасе дар ин самт анҷом дода шуд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд то имрӯз маркази таълимиву истеҳсолии «Шероз» — ро беш аз 500 нафар хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳо гардидаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






