Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Душанбе
Душанбе, 18.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе Музаффар Исҳоқов, собиқ директори генералии ширкати ҳавонавардии «ТоҷикЭйр» сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъйин карда шуд. Инчунин Толиб Раҳимов дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл дар ҷаласаи шаҳрдорӣ Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар таъмин накардани назорати дахлдор ҷиҳати сари вақт набаровардани партовҳо аз ҳудуди шаҳр аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ аз вазифааш сабукдӯш гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






