Тақдими китобу фитаҳо аз ҷониби «Россотрудничество»
Душанбе, 06.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз аз ҷониби намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон 45 номгӯи адабиёти русӣ ва беш аз 100 адад фитаҳои омӯзиши забони русӣ ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тақдим карда шуд. Адабиёти тақдимшуда аз «Русский язык без границ», «Методика межкультурного отношение», «Русский язык без элементов», «Русский язык в текстах филологии», «Лестница», Русский язык -мой друг», «Русский язык для вас», «Русский класс», «Прогресс» ва ғайра иборат буд.Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар маросими супоридани китобу фитаҳо роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Владислав Курнушко гуфт, ки ҳадафи намояндаи оҷонсии федеролӣ «Россотрудничество» ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналхалқӣ бо давлатҳои мустақили пасошӯравӣ, ҳамватанони хориҷи кишвар дар самти гуманитарӣ буда, мақсади эшон ҳифз ва рушди забони русӣ мебошад. Онҳо омода ҳастанд, ки семинарҳои омӯзиширо барои устодони фанни забон ва адабиёти руси макотиби олии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Ҳамзамон имкон доранд, ки таҳсили магистрантонро дар макотиби олии Русия ройгон бо назардошти имтиёзҳо ба дӯш гиранд. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷануби кишвар лоиҳаҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст ва имкон дорад, чунин пружаҳоро дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров роҳандозӣ намояд. Онҳо метавонанд дар ҳамҷоягӣ лоиҳаҳои гуногунро, ки ба манфиати рушди забони русӣ аст, амалӣ созанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






