Таҳримот алайҳи Русия чӣ паёмаде хоҳад дошт?

Август 6, 2014 11:56

Душанбе, 06.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Оё таҳримоте, ки аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико алайҳи ширкатҳои бузурги Русия дар иртибот ба қазияи Украина роҳандозӣ гардидааст, ба иқтисоди кишвари мо чӣ паёмаде хоҳад дошт?  Умед Давлатзод -муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки шабакаҳои таъсири ин таҳримот метавонад гуногун бошад. Мавсуф афзуд, ки дар ҳолати коҳиш ёфтани рушди иқтисодиёти Русия тавре, ки бӯҳрони иқтисодии солҳои 2008-2009 нишон дод, пеш аз ҳама бахши сохтмон зарар мебинад. Ин раванд ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки асосан дар сохтмонҳои Русия фаъолият менамоянд, хоҳ нохоҳ ба сатҳи даромади онҳо ва интиқоли маблағҳо бетаъсир буда наметавонад.  Инчунин бастани роҳ барои воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Молдоваю Украина ба бозорҳои дохилии Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ин сегментро аз худ карда бошем, агар ба шарте, ки ба таври фаврӣ ҷораҷӯӣ намоем, мегӯяд У. Давлатзод. Муовини вазири рушди иқтисод афзуд, Русия барои Тоҷикистон шарики стратегӣ маҳсуб меёбад ва дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Русия нақши калидӣ дорад. Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон наздик ба 3 миллиард $ буда, 34 %-и ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Русия ва воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 61%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳолати коҳиш ёфтани талаботи истеъмолии иқтисодиёти Русия мо хоҳем нахоҳем ҳаҷми содироти худро ба ин кишвар коҳиш медиҳем ва воридот низ коҳиш хоҳад ёфт. У. Давлатзод афзуд, ки дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳукуматии зиддибӯҳронӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ сенарияи гуногуни рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва мутобиқ гаштани иқтисодиёти кишварро дар иртибот ба ин тағйирёбиҳо тӯли ҳар моҳ баррасӣ менамояд ва вобаста ба он нақшаю чорабиниҳо таҳррезӣ гардидаанд. Умед Давлатзод афзуд, ки ҳар ҳафта, яке аз ширкатҳои Русия вориди рӯйхати таҳримот мегардад. Айни замон аксари он ширкатҳое, ки вориди рӯйхати таҳримот шудаанд, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи мустақим надоранд. Аз дигар ҷониб онҳо таъсири ғайримустақим хоҳанд дошт, зеро вақте, ки аз сарчашмаи андозбандӣ маҳрум мегарданд, метавонанд соҳаи сохтмони худро коҳиш диҳанд. У. Давлатзод таъкид кард, ки мо дақиқ гуфта наметавонем, ки таъсири он чӣ қадар маблағро ташкил медиҳад ва бештар дар кадом бахшҳо таъсираш муассиртар хоҳад буд. Алҳол танҳо созмонҳои молиявие, ки хусусияти бевосита ва ширкатҳои таъминкунандаи нафту гази Русия мавриди таҳримот қарор дода шудаанд, ки ба 20 адад мерасад. Бояд тазаккур дод, ки коршиносон ҳадафи роҳандозии таҳримот алайҳи ширкатҳои русиро аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва шарикони онҳо вобаста ба кӯмакҳои Русия ба ҷудоихоҳони русиягаро дар Украина рабт медиҳанд.

Август 6, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд