Таҷдиди муассисаҳои таълимӣ

Август 4, 2014 17:14

Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар шаҳри Истаравшан таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, бо дастгирии сокинон, сарпарастон ва соҳибкорон идома дорад.Барои таъмири асосии бинои синфҳои ибтидоии МТМУ №-38 барои 360 нафар хонанда дар ду баст, сохтмони биноҳои иловагӣ дар мактабҳои № 22, 63, 54, 48, 59, ҳамчунин, таъмири толорҳои варзишӣ дар литсейи №1, МТМУ №- 19 ва 55, таъмири ошхонаи мактабӣ дар гимназияи № 6, МТМУ №- 8, 41, 50, таъмири асосии маҷлисгоҳ дар кӯдакистони №1 ва МТМУ № 6 зиёда аз 3 миллион сомонӣ масраф мешавад.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд корҳои таъмиру барқарорсозии ин муассисаҳо идома дорад ва то имрӯз 70 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд.

Август 4, 2014 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд