Табрикоти Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Август 9, 2014 10:43

Душанбе, 9.08.2014. (АМИТ «Ховар, Зарангези Латиф).- Раиси Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам тамоми варзишгаронро ба Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10-уми август дар Тоҷикистон таҷлил мешавад табрик менамояд :Шумоён номбардорон ва парчамбардорони миллату кишварро бо Рўзи варзишгарон муборакбод менамоям.Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дўстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб ёфта, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хизмат мекунад.Ин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муҳими муаррифии давлати соҳибистиқлол пайваста мавриди таваҷҷўҳу ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.Бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи варзиш бо дастурҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат шумораи зиёди варзишгоҳҳо, майдону толорҳои варзишӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки дар заминаи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории мусобиқаи байналмилалӣ интихоб гардидааст.Аз муваффақияту музаффариятҳои варзишгарони тоҷик зимни иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дар ин росто садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори онҳо, кулли мардуми кишвар эҳсоси сарбаландӣ намуда, ифтихор аз фарзандони шўҳратманди диёр мекунанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандии халқи тоҷик мебошад. Дар ин давра варзишгарон тавонистанд бо сазовор гардидани 2328 медал, аз ҷумла 567 тилло, 512 нуқра ва 863 биринҷӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Дар ин рўзҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF) баргузор шуда истодааст. Инчунин, мо дар навбати худ дар арафаи баргузории бозиҳои олимпии наврасон Нанкин ва бозиҳои осиёии Инчон қарор дорем. Аз ин хотир ба тамоми варзишгарони тоҷик, ки дар ин чорабиниҳои муҳими варзишӣ кишвари моро муаррифӣ мекунанд, фатҳи қуллаҳои нав ва дасти боло таманно дорам.Бори дигар ин санаи муҳимро табрику таҳният намуда, бароятон саодати зиндагӣ, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири шўҳрату обрўи болои Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақиятҳои нав ба нави варзиширо орзу менамоям.

Август 9, 2014 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад