Таъйиноти кадрӣ дар АНМН

Август 27, 2014 09:00

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод тағйироти кадрӣ гузаронида шуд.Полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Абдулҳамид Норзода ба вазифаи сардори Ситод, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Сайфуллозода ба вазифаи сардори раёсати сайёри фаврӣ ва полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Миралӣ Хайруллозода ба вазифаи сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон таъйин гардиданд.Дирӯз директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзода ба роҳбарони раёсату шуъбаҳо роҳбарони навро муаррифӣ намуда, онҳоро ба хизмати софдилона ва поквиҷдонона баҳри Ватан ҳидоят намуд.

Август 27, 2014 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд