Талаботҳои нави Россия аз муҳоҷирон
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).- Шурўъ аз аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар давоми 90-рўз аз лаҳзаи воридшавиаш иҷозат барои кор ё патентро дастрас накардааст, бояд ҳудуди онро тарк намояд. Зимнан, шаҳрвандон танҳо баъд аз 90-рўзи аз саннаи хориҷшавиашон аз ҳудуди Федератсияи Россия ҳуқуқи дигарбора бозгашт ба ин кишварро барои фаъолияти меҳнатӣ доранд. Гуфта мешавад, қаблан чунин талабот ҷой надошт ва шаҳрвандон метавонистанд, баъд аз як рўз аз саннаи хориҷшавиашон ба Федератсияи Россия бозпас гарданд. Ҳамчунин, шурўъ аз якуми январи соли 2015 воридшавӣ ва хориҷшавӣ, ҳамчунин убури транзитии қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷии стандарти байналмиллалӣ ба роҳ монда мешавад. Бино бар ин, шаҳрвандоне, ки шурўъ аз аввали соли 2015 бо мақсади будубош ва кор кардан ба Федератсияи Россия рафтаниянд ё дар қаламрави ин давлат иқоматро идома доданианд, инчунин барои убури транзити қаламрави ин давлат бояд шиносномаи хориҷии стандарти байналмиллалиро дастрас намоянд. Ҳамзамон, шурўъ аз аввали соли 2015 барои дастрас намудани иҷозати кор ва патент ҷиҳати ишғоли ҷойҳои корӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ санҷиши донистани забони русӣ, таърихи давлат ва ҳуқуқ ба роҳ монда шудааст. Танҳо шахсони баландихтисос, маъюбон ва кўдакони то 18-сола аз супоридани чунин имтиҳон озоданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






