Талоши варзишгарони тоҷик барои медал дар Чин
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг ду варзишгари тоҷик Равзатуллоҳ Исоев ва Тоҳирҷон Охонов дар риштаи гӯштини юнониву румӣ барои медалҳо мубориза мебаранд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, имрӯз Равзатуллоҳ Исоев дар рақобатҳо дар вазни то 42 кг дар нахустин қувваозмоияш аз рақиби худ Сеунг Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гӯштингири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Равзатуллоҳ барои медали биринҷӣ бо варзишгари Украина Олексий Масук имрӯз рақобат мекунад.
Тоҳирҷон Охонов дар рақобатҳо дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Рақиби Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ варзишгари Канада Романдин Хеҳира мебошад.
Варзишгари ҳаштум ва охирини Тоҷикистон -Фирӯз Ёқубов дар Олимпиадаи Нанҷинг рӯзи чоршанбе, 27-уми августи соли равон дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 100 кг вориди рақобат мешавад.
Баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Чин бо 31 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Тими мунтахаби Русия бо 20 медали тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Украина бо 6 медали тилло, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор дорад. Дастаи Мунтахаби Маҷористон (6-6-7) дар зинаи чорум, Итолиё (6-6-4) дар зинаи панҷум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6-1-6) дар зинаи шашум ҷойгир шудааст.
Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 54 нишон пешсаф мебошад. Русия бо 46 медал дар ҷойи дувум ва Олмон бо 21 медал дар ҷойи севум аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






