Таъмири мактабҳо ба охир мерасад
Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Қубодиён баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф низ аҳамияти калон дода мешавад.Масъулони шуъбаи маориф, кумитаҳои падару модарон ва омӯзгорони ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия пеши худ вазифа гузоштаанд, ки дар таътили тобистона ҳарчӣ тезтар мушкилоти ҷойдоштаи мактабҳоро бартараф намоянд.Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, ки дар он 1306 хонанда таҳсил мекунад, аз ҳисоби кумитаи падару модарон бо харҷи 27 ҳазор сомонӣ 90 фисади корҳои таъмирӣ ба охир расид.Таъмири мактабҳо ва дигар омодагиҳо ба соли нави хониш дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия аллакай ба охир расида, корҳои ороишӣ дар қисмати берунии биноҳои мактабҳо ҷараён дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






