Тарбуррӣ — сарбуррӣ мегӯянд

Август 4, 2014 15:31

Панҷакент. (АМИТ «Ховар», Гулибаҳор Худойбердиева). Масъулини муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 62 нафар оид ба худсарона буридани дарахтон, шикори ҳайвонот ва дигар равандҳои рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба хоҷагии ҷангал санад тартиб дода, маблағи 23491 сомонӣ ҷаримабандӣ намуд.Ба гуфти директории муассисаи мазкур Ҳаким Маҳкамов хоҷагӣ дорои 126 гектар замин буда аз ин шумора 108,3 гектараш ҷангалпӯш мебошад, ки дар он дарахтони писта, бодом, тафдона, санҷид, ҳулӯл, чормағз ва дигар дарахтони сояафкану мевадиҳанда парвариш меёбанд. Инчунин гиёҳҳои шифобахш аз қабили испанд, бодоми талхак, юлғун парвариш ёфта дар ин муддат 1,5 тонна ҷамоварӣ карда шудааст. Аз ҷониби муассиса ҳамасола ба муассисаи таълимӣ, беморхонаҳо, хонаи пиронсолон ба миқдори муайян ҳезум таъмин карда мешаванд.

Август 4, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд