Ташкили 10 дастаи футболи хурди мақомоти судӣ
Душанбе, 21.08.014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар шуъбаи Шӯрои адлияи ҶТ дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир ба омодагӣ ба чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 20-умин солгарди Рӯзи қабули Сарқонун ва 90-солагии мақомоти судӣ машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварати корӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаи Шӯрои адлия, судҳо, судҳои ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10 дастаи футболи хурд ташкил гардид. Тибқи қоидаҳои ФИФА дастаҳо аз рӯи қуръакашӣ ба ду гурӯҳи иборат аз панҷ даста тақсим шуданд. Тақвими бозиҳои футболи хурд миёни 10 тими ташкилгардида бо зикри вақт ва рӯзҳои баргузории он тасдиқ гардид.
Мусобиқаи футболи хурд миёни судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 25 августи соли 2014 оғоз гардида, ба истиснои рӯзи истироҳатии якшанбе ҳар рӯзе ду бозии футболи хурд, аз ҳар тими футбол як бозӣ сурат мегирад.
Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоӣ рӯзҳои 15,17 ва 18 сентябри соли 2014 доир гардида, ғолиби мусобиқа дар пойтахти кишвар ширкат меварзад.
Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи футболи хурд аз ҳисоби раисони судҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашт комиссияи одоб таъсис дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






