Таваҷҷуҳ ба корхонаи парвариши гулмоҳӣ дар дараи Ромит

Август 28, 2014 15:35

 Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар дараи Ромит Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи парвариши гулмоҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаи сердаромад ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳавзҳои сунъии ин корхона беш аз 15 ҳазор дона гулмоҳӣ ва 50 ҳазор моҳичаи хурд парвариш меёбанд. Дар ин ҷо 6 намуд гулмоҳӣ мавҷуд аст, ки 2 намудаш дарёии маҳаллӣ мебошад. Аз ҳама зебо гулмоҳии зарди тиллоранг аст.
Аз аввали соли равон аз ин ҷо беш аз 3 тонна гулмоҳӣ ба бозор пешниҳод шуда, ҳоло 15 тоннаи дигар барои фурӯш омодааст. Ҳар килограми моҳӣ бо нархи 50 сомонӣ ба мизоҷон пешниҳод мешавад. Як гулмоҳӣ аз 2 то 5 кг вазн дорад.
Корхона ҳамчунин инкубатори худро дорад, ки дар он аз тухм моҳича бароварда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 28, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд