Теъдоди толибилмони Душанбе афзудааст
Душанбе, 23.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар соли нави таҳсили 2014-2015 беш аз 17 000 нафар кӯдак бори нахуст ба остонаи дабистонҳои пойтахт қадам ниҳода, дар курсиҳои мактабӣ нишаста, ба унвони толибилм сазовор мегардад. Ҳамидуллохон Фақиров- сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар соли нави хониши 2014-2015 беш аз 175 ҳазор хонанда ба мактабҳои пойтахт ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ки ин омор дар қиёс нисбат ба соли 2013 зиёд аст. Дар соли хониши 2013-2014 теъдоди хонандагони мактабҳои пойтахт 172 ҳазор нафарро ташкил медод. Алҳол дар пойтахт 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 119 кӯдакистон фаъолият намуда, шумораи мактабҳои хусусӣ 27 ададро ташкил медиҳад. Ҳамидуллохон Фақиров таъкид кард, ки таҳсил дар мактабҳои пойтахт дар ду баст ҷараён гирифта, дар басти аввал беш аз 113 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил ва машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта мешавад. Таҳсил дар қисмати бештари мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба забони давлатӣ-забони тоҷикӣ сурат мегирад. Мактаби №21 ягона мактаби русӣ дар Душанбе буда, инчунин дар мактабҳои дигари пойтахт, назири мактабҳои рақамҳои 1,16, 24, 42, 54, 92 гурӯҳҳои русӣ ба роҳ монда шудаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






