Терминали нави ФБД пеш аз муҳлат ба истифода дода мешавад
Душанбе, 20.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода мешавад.
Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, инчунин намояндагони ширкати фаронсавии «VINCI», ки дар сохтмони он саҳми муносиб доранд, ширкат намоянд. Мавриди зикр аст, ки сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳанӯз ду сол муқаддам, аниқтараш моҳи декабри соли 2012 оғоз гардида буд.
Бино ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев-котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар сурати ба истифода додани терминали нави фурудгоҳ сатҳу сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳ баланд бардошта шуда, он ҷавобгӯи талаботу меъёрҳои байналмилалӣ мегардад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






