Терминали нави ФБД пеш аз муҳлат ба истифода дода мешавад

Август 20, 2014 09:25

  Душанбе, 20.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода мешавад.
         Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, инчунин намояндагони ширкати фаронсавии «VINCI», ки дар сохтмони он саҳми муносиб доранд, ширкат намоянд. Мавриди зикр аст, ки сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳанӯз ду сол муқаддам, аниқтараш  моҳи декабри соли 2012 оғоз гардида буд. 
       Бино ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев-котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар сурати ба истифода додани терминали нави фурудгоҳ сатҳу сифати  хизматрасониҳо дар фурудгоҳ баланд бардошта шуда, он ҷавобгӯи талаботу меъёрҳои байналмилалӣ мегардад.  

Август 20, 2014 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд