Ваколати сардори ЮНИСЕФ ба анҷом мерасад
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон сардори Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лайлӣ Мошириро бинобар анҷом ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.
Раҳимзода Рамазон ба Лайлӣ Моширӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.
Лайлӣ Моширӣ дар навбати худ изҳор намуд, ки: «Ба наздикӣ фаъолияти ман ҳамчун сардори Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бинобар ин мехоҳам бо арзи адаб ба Шумо барои таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба ин самти муҳими ҷомеа — масоили кӯдакон ва ҳамкориҳои самаранок изҳори сипос намоям».
Ҷонибҳо аз густариш ёфтани ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






