Ван Йи: «Чин Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Душанбе, 01.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Йи андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин баён намуд:«Суҳбати мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои хеле дӯстонаву созанда баргузор гардид. Нахуст мо рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи тарафайнро муҳокима намудем. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир гардид. Тоҷикистон, ки имсол раёсати СШҲ -ро ба ӯҳда дорад, барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ин чорабинии муҳим мо омодаем, ки ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем».«Сафари қарибулвуқӯи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ бори нахуст мебошад ва мо умедворем, ки ин сафар ба ҳамкориҳои ҳарду кишвар вусъати тоза зам менамояд. Хусусан сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон барои тавсия бахшидан ба дӯстии самимӣ ва ҳамдигарфаҳмии Сарони кишварҳои мо мусоидат менамояд»,- иброз намуд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин.Ван Йи ҳамчунин зикр намуд, ки зимни мулоқот ба густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар самти нигаҳдории амну суботи минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






