Вазъи ҷамъоварии андоз дар Муъминобод
Муъминобод, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони нозироти андози ноҳияи Муъминобод мутобиқ ба муқаррароти 87-и кодекси андози ҶТ дар робита ба муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти андоз бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ кору фаъолиятро ба роҳ монда бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҳамкории зич дорад. Бино ба иттилои сардори нозироти андози ноҳия Анваршо Сафаров дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳо ва сари вақт пардохт кардани андозҳо аз тарафи прокуротураи ноҳия ба андозсупорандагон амрномаҳои хаттӣ дода шуда ба воситаи онҳо ба буҷет ба маблағи 178857 сомонӣ маблағи андозҳо ворид гардидааст.Аз ҷумла, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 3060 сомонӣ, андози чакана 1500 сомонӣ, андози иҷтимоӣ 37065 сомонӣ , андози молу мулк 920 сомонӣ, андози даромад 7320 сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 105807 сомонӣ ва дигар навъи андозҳо шомил мебошанд. Манбаъ афзуд, ки дар ин давра нисбати Корхонаи Давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи 57224 сомонӣ ва Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ба маблағи 74743 сомонӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура ба суди иқтисодии вилояти Хатлон аризаи даъвогӣ таҳия карда шуда, ба суди иқтисодӣ ирсол гардида дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Инчунин аз тарафи мақомоти андоз аз 27 адад андозсупорандагони ноҳия мутобиқи моддаҳои 72-76 кодекси андоз чораҳои маҷбуран ситондани бақяпулиҳо гузаронида шуда, ба воситаи фурӯши амволи таҳти ҳабс қарордошта ва аз ҳисоби боздоштани амалиётҳои хароҷотии суратҳисобҳо ба буҷет ба маблағи 433400 сомонӣ пардохт карда шуд. Гуфта мешавад , ки аз тарафи кормандони нозироти андоз ба 38 нафар шахсоне, ки ба қонунвайронкунии андоз роҳ доданд, мутобиқи моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 26611 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ тайин ва ба буҷет маблағи 16031 сомонӣ пардохт карда шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






