Вазъи нигаронкунандаи нашъамандӣ
Душанбе, 23.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор — 2014» ва омӯзиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои ВМКБ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳои 20 ва 21 августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Мурғоб ва Роштқалъа бо аъзои ситоди амалиёти ноҳиявии «Кӯкнор-2014» ва шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори ноҳияҳои мазкур ҷаласаҳо гузаронида шуданд.
Роҳбарияти ин ду ноҳия дар навбати худ ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти зиддинашъамандӣ ва ҷоннок кардани шӯроҳои мазкур ба сохторҳои дахлдор супоришҳо доданд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа рӯзи 21 август чорабинии оммавию фарҳангии зиддинашъамандиро таҳти шиори «Тоҷикистон зидди мухаддирот» бо иштироки доираи васеи аҳолии ин ноҳия баргузор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати зиддимухадиротии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад. Роҳбарияти ноҳияи Роштқалъа таъкид доштанд, ки дар ҳамкорӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот кори зиёдро ба анҷом расонидан имконпазир аст.
Чунин чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ванҷ ба нақша гирифта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






