«VINCI» ба кормандони ФБД таҷрибаи корбарӣ омӯхт
Душанбе, 01.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Алҳол 8 нафар корманди Фурдугоҳи байналмилалии Душанбе дар Академияи авиатсияи граждании Санк- Петербурги Русия таҳсил менамоянд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо иқдоми роҳбарияти фурудгоҳ иддае аз мутахассисони муассиса ҷиҳати омӯзиш ва такмили ихтисос ба муассисаҳои пешрафтаи авиатсионии ҷаҳон фиристода шудаанд. Аз ҷумла, тибқи даъвати ширкати «VINCI» 16 нафар кормандони роҳбарикунандаи фурудгоҳ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронса, Британияи Кабир, Испания ва Португалия таҷрибаи корбарӣ дар терминали навро омӯхтанд. Дар як вақт 6 нафар мутахассисони пешбари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фурудгоҳи Внуковои Русия курсҳои такмили ихтисосро гузашта, донишу малака ва касбияти худро баланд бардоштанд. Инчунин бо роҳбарияти фурудгоҳи Домодедово ҷиҳати дар заминаи ин муассиса такмили ихтисос кардани агентҳои Хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шартнома баста шудааст. Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани малакаю касбияти мутахассисон ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои ҳавонавардии ҷаҳон ба кормандону мутахассисони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имкон медиҳад, ки корро дар самти беҳдошти сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо дар сатҳи баланд, тибқи стратегияи рушди фурудгоҳ ва стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






