Вохӯрӣ бо донишҷўёни хориҷ аз кишвар дар Душанбе
Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Ҳамасола рўзи 12-уми август ҳамчун рўзи байналмилалии ҷавонон дар саросари кишварҳои олам ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон, пагоҳ, 12 августи соли равон вохўрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо донишҷўёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, баргузор мегардад. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мулоқот дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Ба иттилои манбаъ , мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ, пеш аз ҳама барои муттаҳид сохтани ҷавонон дар саросари олам новобаста аз қавму нажодҳо ва дарки мушкилоти ҷавонон роҳандозӣ шудааст. Ёдрас мешавем, ки Рўзи байналмилалии ҷавонон аввалин маротиба 17 декабри соли 1999 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, бори аввал 12 августи соли 2000 ин рўз ба таври расмӣ ҷашн гирифта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






