Вохӯрӣ дар кисми низомии гарнизонӣ
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он масъулини коллегияи ҳарбии суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълимгирандагони Мактаби прапоршикон ва афсарону сарбозони қисми низомии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа вобаста ба таҷлили ҷашнҳои сатҳи давлатӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ мансубанд, ибрози назар карданд.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ба пешгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ ҷалб шуд ва риояи интизоми намунавиро зимни хизмати ҳарбӣ омили асосии пешрафти қисми низомӣ арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки рӯз то рӯз сатҳи хизмат дар сафи Артиши миллӣ хубтар гашта, барои беҳбуд бахшидан ба ин раванд аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки чунин вохӯриҳои судбахш дар арафаи ҷашнҳои миллию сиёсӣ бо хизматчиёни низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар минбаъд низ гузаронида хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






