Вохӯрии Ҳ. Воҳидов бо кормандони гумрук
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад», -зикр намуд Президенти мамлакат зимни суханронии хеш дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июли соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат.Дар робита ба ин имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Прокуратураи генералӣ бо кормандони хадамот доир гардид Муовини Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидов зимни вохӯрӣ гуфт, ки кормандони мақомоти гумрук низ ҳамчун кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд масъулияти хешро баланд бардоранд.Зикр гардид, ки кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон бо мақомоти гумрук робитаҳои зич дошта, баҳри таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ пайваста саъйи комил менамоянд. Зикр шуд, ки қисми даромади буҷети аксарияти давлатҳои ҷаҳонро ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






