Вохӯрии ситоди нави мураббиҳои бахши футзал
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – 27 август дар шаҳри Душанбе аввалин вохӯрии ситоди нави мураббиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо номзадҳои дастаи мунтахаб баргузор гардид.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ сармураббии нави дастаи мунтахаб Ҳусейн Шодиев ҳозиронро бо нақшаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии мусобиқоти Осиё – 2016, ки дар охири соли оянда баргузор мегардад, шинос кард.
Ба гуфтаи Ҳусейн Шодиев, дастаи мунтахаби кишвар пеш аз оғози бозиҳои интихобӣ қариб 10 вохӯрии рафиқона анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 24 август дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар таърихи футзали Тоҷикистон мусобиқоти дастаҳои лигаи касбӣ оғоз ёфт, ки дар он 8 даста иштирок менамояд.
Дар рӯзи аввали оғози мусобиқот дастаҳои «Газпром» — и шаҳри Душанбе ва «Самандар» — и шаҳри Турсунзода қувваозмоӣ намуда, дар он футболбозони пойтахт бо ҳисоби 7:2 пирӯз шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






