Вохӯрии соҳибкорони тоҷик бо роҳбари «JETRO»

Август 22, 2014 11:52

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – 21  август  мулоқоти соҳибкорони  тоҷик бо  роҳбари Созмони  рушди тиҷорати  хориҷии «JETRO»  — и  Ҷопон Манабу Симоясиро  баргузор  гардид.
Дар  ҷараёни  мулоқот, аз ҷумла,  масоили   фароҳам  овардани  шароити  мусоид барои  истеҳсолкунандагони  маҳсулоти  кишоварзии  кишвар ҷиҳати  рушди  тиҷорат  ва  афзоиши  сармоя   байни Тоҷикистону  Ҷопон  баррасӣ  шуданд.
Мувофиқи  маълумоти  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ,  Ҷопон яке  аз  кишварҳои  аввалине  буд, ки ба Созмони ҷаҳонии  савдо  пайвастани  Тоҷикистонро   дастгирӣ  намуд. Имрӯз  Тоҷикистон  ба бозорҳои  ҷаҳонӣ  роҳ  пайдо  карда, ин  раванд  сол  аз  сол рушду  густариш  меёбад. 
Мувофиқи  суханони   Манабу Симоясиро,  вазифаи  асосии  намояндагии «JETRO» дар  Тоҷикистон  иборат  аз  мусоидат  ба рушди  тиҷорати  хориҷӣ  бо  назардошти  барқарор  намудани  равобити  мутақобилан  муфиди тиҷоратию  иқтисодии байни  соҳибкорони  Ҷопону  Тоҷикистон  аст.

Август 22, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд