Ворисони Синоро дастгир карданд

Август 4, 2014 10:41

Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сардухтури Маркази равонпизишкии вилояти Суғд Ҳасанов Абдуғафур Абдушукурович бо ҷурми гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд. Номбурда барои додани хулоса дар хусуси муайян намудани ҳолати руҳии Б. Рустамова, ки нисбаташ аз тарафи ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, дар аввал маблағи пулии 1000 доллари амрикоӣ, сипас овардани 600 долларро талаб намудааст.А. Ҳасанов дар утоқи кории худ баъди аз шаҳрванд Бимукаррам Рустамова гирифтани маблағ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд. Ҳамчунин, Хоҷаев Қиёмиддин Қутбиддинович-муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии ҶТ бо гирифтани пора ба маблағи 1500 доллари амрикоӣ аз ҷониби кормандони АНДМ дастгир карда шуд. Номбурда бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз мақоми хизматии худ, ба боварии шаҳрванд Камбарова даромада ӯро бовар кунонидааст, ки писарашро ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон барқарор карда, баъдан ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил интиқол медиҳад. Барои иҷрои ин кор маблағи 1500 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Тибқи аризаи шаҳрванд Қамбарова аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пас аз гирифтани маблағ Қ. Хоҷаев дастгир карда шуд. Нисбат ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Август 4, 2014 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд