Ярмаркаи ҷои кор ба шарафи Истиқлолият
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ва маркази вилояти Хатлон ярмаркаҳои ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардиданд.Дар ярмарка ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ барои бекорон 668 ҷойи корро пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа ба 93 нафар роҳхат дода шуда, 69 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин маълумоти ҷойҳои корӣ, намоиши дастовардҳои касбомӯзони бахшҳои муассисаҳои таълимии Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва гӯшаи маҳсулотҳои саноатӣ, қаннодӣ, кишоварзӣ ва дигарҳоро, ки аз тарафи шаҳрвандони бекоре, ки аз ҳисоби маблағҳои корҳои фардии мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд, ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 152 ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки зимни баргузории чунин чорабиниҳо 1581 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои алоҳидаи вилоят ширкат варзида, барои бекорон 23 041 ҷойи кор ва вазифаи озодро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 20240 нафар шаҳрванд соҳиби маълумоти даркорӣ ва шаҳодатномаи малакаи касбӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






