Ёддошти ҳамкорӣ миёни ПСС ва «ABBAT»

Август 5, 2014 14:27

Душанбе, 5.08.2014 (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат)- Вохӯрии раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид бо раиси ширкати байналмилалии автомобили Ҷумҳурии Тоҷикистон «АВВАТ» Маҳмад Шокиров 1 август дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зимни мулоқот рушд ва фаъолноккунии ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи нақлиёт, ҳамчунин муайянсозии роҳҳо ва муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон , давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказию Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо кишварҳои ИА, Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ҷалби сармояи мустақили хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва кооператсия ҳастем»,- қайд намуд Ш.Саид.Дар навбати худ раиси ширкати байналмилалии автомобилии «АВВАТ» Маҳмад Шокиров зикр намуд, ки «Нақлиёт яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагидории кишвар ба шумор рафта, тавассути он иҷрокунандаи функсияи хоси низоми хунгузарон дар кишвар аст, ки сармоягузорони хориҷ ба интегратсияи Тоҷикистон дар низоми нақлиёти ҷаҳонӣ ҳавасманд ҳастанд».Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти ҳамкорӣ миёни ПСС ва ширкати байналмилалии нақлкунандаи автомобили Ҷумҳурии Тоҷикистон «АВВАТ» ба имзо расид.

Август 5, 2014 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд