З. Сайидзода: «Ҳифзи истиқлолияти миллӣ бидуни ҳифзи риояи ахлоқи миллӣ имконнопазир аст»
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Зиёда аз як моҳ қабл китоби рӯзноманигор ва сиёсатшинос, мушовири калони бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Точикистон Зафар Сайидзода таҳти унвони «Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии чаҳонишавӣ» ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.Ин китоб алъон тавассути сомонаи интернетии АМИТ «Ховар» ва китобхонаҳои давлатии воқеъ дар шаҳри Душанбе ва дӯконҳои китоби пойтахт дастраси хонандагон гардида, таваҷҷуҳи теъдоди зиёди ононро ба худ ҷалб намудааст.Дар иртибот ба ин мухбири АМИТ «Ховар» бо муаллифи китоби номбурда суҳбат ороста, ба суолҳояш чунин посух гирифт:
-Мегуфтед, ки мақсад аз таҳияву нашри ин китоб дар чист?-Мақсад аз таҳияи ин китоб фақат таъкид намудан ба зарурати тарбияи саҳеҳи ахлоқӣ намебошад, зеро ин зарурати шинохташудааст, ҳадафи асосӣ даъвати тамоми масъулони ниҳодҳои таълиму тарбия, падарону модарон, олимон, рўзноманигорон ва дигар алоқамандон барои ширкати фаъолона намудан дар кори тарбияи саҳеҳи ахлоқии насли наврас ва ба зиндагии шоистаи замонаи пешрафта, омода кардани он мебошад, зеро тарбияи саҳеҳи ахлоқӣ танҳо ҳамон вақт самара медиҳад, ки ҳамаи аҳли ҷомеа дар кори таълиму тарбияи насли наврас содиқонаву софдилона ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ саҳм гузорад. Бинобарин донишмандон, пажўҳишгарон, таърихшиносон, ҳуқуқдонон, нависандагон, рўзноманигорон ва ҳамаи соҳибназарони коршинос ва касоне, ки салоҳияти тарбияи афроди ҷомеаро доранд, дар ин замина бояд талош намоянд. Ҳамчуноне ки дар саҳифаҳои пешин баён шуд, нақши ахлоқу маънавиёт нақши бунёдӣ, сарнавиштсоз ва инкорнопазир дар шахсияти инсонҳо мебошад. Ҷомеаи инсонӣ бидуни ахлоқ дигарбора ба барбарият бозмегардад, неруҳо бар ҳадар мераванд, истеъдодҳо саркўб мешаванд, амнияту озодӣ ва он чӣ аз фарҳанг мемонад, бозичаи дасти ҳавасбозон мегардад ва зиндагии инсонӣ мафҳуми воқеии худро аз даст медиҳад.Агар ба таърихи гузаштаи инсоният дуруст нигоҳ кунем, мебинем, ки қавму халқиятҳои зиёде бар асари гирифтор шудан ба вайронии ахлоқӣ фурў пошидаанд ва ё тамоман нобуд шудаанд. Яке аз сабабҳои асосии фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ низ ин буд, ки дар ду даҳсолаи охири даврони шўравии ҷомеа, дурусттар бигўем, қишри роҳбарии ҳизби коммунистӣ, аз мансабдорони ҳизбии ноҳия оғоз намуда, то сатҳи олӣ- Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ — аз пайроҳаи ахлоқ берун шуда, ба жарфои амиқи ҷоҳталабӣ, такаббур, худхоҳӣ, хешутаборпарастӣ ва дигар бадкирдориҳои иҷтимоӣ ғарқ шуда буданд. Ба ҷои ватандўстони бузург, инсонҳое бо хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба монанди инсондўстӣ, адолатпарварӣ, шарики ғами дигарон будан, фидокорӣ, ки аз худ намунаҳои бемонанди меҳнати қаҳрамонона нишон медоданд, одамоне ҷойнишин шуданд, ки ҳизбро фақат воситаи расидан ба мансаб ва ба даст овардани даромадҳои бедардимиён медиданд. Ин шахсони беғояву бемаслак, бемавқею ҳарис, ки сурати аслии худро зери ниқоби арзишҳои коммунистӣ пинҳон мекарданд, пояҳои давлати Шўравиро ба тадриҷ суст гардонида, ниҳоят ба фурўпошӣ расонданд.Зиндагии шахсӣ низ бидуни ахлоқ латофату шукуфоӣ ва зебоӣ надорад. Ахлоқ яке аз ҷанбаҳои табиии ҳаёти инсон аст, ба ин маъно, ки инсон ҳамон тавр ки барои парвариши ҷисм ба ҳавою ғизо ниёз дорад, ба ахлоқ ҳам ниёз дорад. Ахлоқ шинохти огоҳонаи вазифаҳо, масъулиятҳо, шеваҳои пиндору гуфтору кирдори фард дар ҷомеа мебошад. Ба қавли файласуф ва педагоги амрикоӣ Ҷон Дюи, «таълиму тарбия омода кардани афрод барои зиндагӣ нест, балки худи зиндагӣ аст».-Ҳамчун муаллифи китоб дар бораи густариши ахлоқи миллӣ яке аз хулосаҳову тавсияҳои асосии ин асарро чӣ тавр баён мекардед?
— Имрўз дар тамоми дунё, аз ҷумла дар кишварҳои Ғарб, бо дарки ин ки бетаваҷҷуҳӣ ба ахлоқу маънавиёт ва ба ҳайси меҳвар қарор додани моддиёт ҷомеаро ба сўи вайрониву нобудӣ мебарад, дар садади ислоҳи вазъ дар арсаи тарбияи ахлоқӣ баромадаанд. Донишмандону коршиносони кишварҳои дунё, беш аз пеш дар рисолаҳову мақолаҳои худ ба сиёсатгузорони риштаи таълиму тарбия ҳушдор медиҳанд, ки бисёре аз ноҳинҷориҳо ва мушкилоти имрўзаи ҷомеаи башарӣ аз бе таваҷҷуҳӣ ба маънавиёту ахлоқ ба вуҷуд омадаанд, зеро ахлоқу маънавиёт зербинои рафтори инсонҳост. Барои солимиву рушди чомеа бояд ба омўзаҳои ахлоқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Аз ин рў, мутасаддиёни риштаи таълиму тарбия ва зиёиёни кишварҳо вазифадоранд, ки бо бунёдӣ кардани ахлоқу маънавиёт дар ҷомеа — аз тариқи мактабҳо, расонаҳо, пеш аз ҳама телевизион, огоҳибахшӣ кунанд ва дар вуҷуди инсонҳо ахлоқу маънавиётро зиндатару пўётар намоянд. Тамаддуни инсонӣ ин маҷмўи дастовардҳои ҳамаи халқу миллатҳои ҷаҳон аст. Ҳеҷ ихтирои ихтироъгаре ва ё равиши илмии наве дар заминаи холӣ, яъне аз сифр, ба вуҷуд наомадааст. Ҳар навоварӣ рўи дастовардҳои мавҷуд рух менамояд. Бо пайравӣ аз ин равиш, мо набояд аз ҷанбаҳои беҳтарини низоми таълиму тарбияи шўравӣ, ки пешрафтатарин дар ҷаҳон шинохта шудаанд, рўй гардонем. Бавижа ба тарбияи меҳнатдўстӣ, ки ҷавҳари ҳадафу мақсади таълиму тарбияи шўравӣ буд, аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Аслан меҳнат меҳвари ҳастии инсон аст, фаъолиятест, ки ба инсон макони мавҷудиятро пеш меоварад. Аз ин рў, барои он ки дар оянда кўдаконро ба ҳаёти мустақилона ба таври шоиста омода кунем, онҳоро бояд дар рўҳияи меҳнатдўстӣ тарбия намоем. Мо бояд, чун дар замони шўравӣ, мактабро на фақат ба макони таълиму тадриси дониш, балки ҳамчунин ба боргоҳи тарбияи меҳнатдўстӣ, конуни парвариш ва василаи ба қалбҳои кўдакону наврасон ҷо кардани ҳисси эҳтиром ба меҳнат табдил диҳем. Дар заминаи такмили равиши тарбияи ахлоқӣ метавон аз таҷрибаи кишварҳои ахлоқмадоре, монанди Чин, Ҷопон ва Корея истифода кард. Дар кишвари Чин, ҳарчанд низоми таълиму тарбия ба шакли амрикоӣ сурат мегирад, дар мактабҳои саросари кишвар дарси ахлоқ ҳамчун дарси алоҳидаву мустақил ҷорӣ шудааст. Дар донишкадаҳои олии омӯзгории Ҷопон ба омодасозии ахлоқии донишҷўён таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамаи муаллимони оянда — илова ба донишҳои касбиашон — ду дарси махсус — ахлоқ ва усули тарбияи ахлоқро меомўзанд. Дар Корея бар асоси таҷрибаи таърихӣ ба ин натиҷа расиданд, ки бояд тарбияи ахлоқӣ дар барномаи дарсии мактабҳо — ҳамчун дарси мустақил ворид карда шавад. Зиёда аз ин, барномаи дарси тарбияи ахлоқӣ сол то сол такмил мешавад. Дар тўли ду даҳсолаи гузашта — вобаста ба пешрафти бесобиқаи фановарӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бавижа дар иттилоот, — барномаи тарбияи ахлоқӣ дар ин кишвар шаш бор бознигарӣ ва ислоҳ гардидааст.Аз ин рў, агар мо бо такяи бештар ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангии халқамон, ки сарчашмаи покӣ, ростӣ, некӣ, инсондўстӣ, заҳматписандӣ мебошанд, инчунин бо ба кор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ахлоқмадор фароянди тарбияи ахлоқиро дар сатҳи баланд ба роҳ монем, дар ояндаи наздик ба ҳадафи ормонии тамоми ҷомеаҳои дунё — бунёди ҷомеаи комилан ахлоқӣ хоҳем расид.Имрӯз муҳимтарин вазифае, ки миллати тоҷик ва миллату халкиятҳое, ки сарзамини меҳрпарвари тоҷиконро Ватани хеш медонанд, бояд анҷом диҳанд, ҳифзу таҳкими истиқлолият мебошад. Ин вазифаест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сифати ғояи миллӣ муайян намудааст.Ҳифзи истиқлолияти миллӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст. Бинобарин имрӯз барои мо, тоҷикистониён, зарур аст, ки ин арзишҳои фарҳангиву маънавии халқамон-амонату мероси гаронбаҳои ачдодиро бо беҳтарин шакл ҳифз ва дар борварии он талош намуда, онро ба ояндагон супорем.