Зиёд гардидани меваи ватанӣ
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар аввали ҳафтаи равон ба миқдори 51801 тонна мева ва 3017 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5882 тонна мева ва 744 тонна ангур зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 13663 тонна мева, 1545 тонна ангур, дар вилояти Суғд 34858 тонна мева, 511 тонна ангур, ВМКБ 284 тонна мева ва дар ноҳияҳои тобеи тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 2996 тонна мева ва 217 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.Зиёдшавии мева дар ҳолест, ки дар баробари зиёд истеҳсол шудани меваи ватанӣ воридоти он низ аз хориҷ зиёд шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






