«Золотая корона»: ду нуқтаи интиқоли маблағҳо дар Душанбе

Август 19, 2014 09:35

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Ба наздикӣ барои ифтитоҳи ду нуқтаи интиқоли маблағҳо, ки бо дастгирии низоми интиқоли маблағҳои «Золотая корона» дар шаҳри Душанбе таъмир шуданд,  директори ин низоми байналхалқӣ Иван Ситнов ба БДА ҶТ «Амонатбонк» омад. 
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин бонк, низоми интиқоли маблағҳои «Золотая корона» имрӯз дар ҷаҳон маъруф буда, оғоз аз соли 2007 то ба имрӯз бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамкорӣ дорад.  199 нуқтаи интиқоли маблағҳои бонк бо ин низом пайваст буда мизоҷони бонк аз хизматрасонии ин низом истифода мебаранд. Роҳбарияти Раёсати «Амонатбонк» барои густариши ҳамкориҳои бурунмарзӣ бо бонкҳо ва институтҳои молиявии хориҷӣ кӯшиш намуда, дар ин самт то ҷое ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. 
Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо соли ҷорӣ бонк тасмим гирифт, ки пешниҳоди бунёди якчанд нуқтаи интиқоли маблағро аз ҳисоби низоми интиқоли маблағҳои «Золотая Корона» ба роҳбарияти ин низом пешниҳод намояд. Ин пешниҳодро «Золотая Корона» иқдоми наҷиб дониста, тасмим гирифт, ки бунёд ва  навсозии чунин нуқтаҳо дар баробари густариши ҳамкориҳо, ҳамзамон мавқеи ин низомро дар Тоҷикистон баланд мебардорад ва дар раванди иҷрои ин иқдом соли ҷорӣ ду нуқтаи интиқоли маблағҳо пурра аз ҳисоби ин низом навсозӣ шуд. 
Пас аз ифтитоҳи нуқтаҳои интиқоли маблағҳо,  И.Ситнов бо раиси Раёсат Ҷамшед Нурмаҳмадзода вохӯрӣ анҷом дода, ҷиҳати рушди соҳа ва густариш додани ҳамкориҳо, масъалаи бунёди ин гуна нуқтаҳои интиқоли маблағҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.
 

Август 19, 2014 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад