Ғолибони озмуни «Рӯдакихонӣ» муайян шуданд
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ озмуни вилоятии «Рӯдакихонӣ» баргузор гардид. Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар озмун 85 нафар наврасону ҷавонони аз 10 то 30 сола аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва донишгоҳҳо иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён шеърҳо аз эҷодиёти Рӯдакӣ дар муддати 5-7 дақиқа қироат шуданд, ки аъзои ҳакамон ба маҳорату истеъдоди наврасону ҷавонон баҳогузорӣ намуданд.
Ҳамин тавр ҷои аввал ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Хосияти Шаҳобиддин, ҷойи дуюм ба Моҳира Бобоҷонова, хонандаи мактаби таҳсилоти умумии №10-и шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм ба Мавлуда Раҳимова аз шаҳри Панҷакент насиб гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанг сарфароз гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






