Ғончӣ: машварат оид ба муҳоҷирати экологӣ
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар машварате, ки дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ доир гардид, асосан масъалаи ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, яъне муҳоҷирати экологӣ мавридӣ баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар асоси нақша якчанд оила аз минтақаҳои хавфноки ҷамоати деҳоти Яхтан ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Ҳамзамон масъулин дар доираи сафари корӣ бо муҳоҷирони экологии оянда мулоқот ороста, бо минтақаҳое, ки барои онҳо ҷудо гардидаанд, шинос шуданд.
Барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони экологии ноҳияи Ғончӣ аз имкониятҳо босамар истифода мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






