Ғоратгари ноболиғ ба даст афтод
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). – Сокини 17 — солаи шаҳри Кӯлоб бо гумонбарии ғоратгарӣ дастгир шуд.
Мувофиқи маълумоти ВКД ҶТ, шаҳрванд Сарварбӣ Каримова дар аризааш унвонии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт изҳор доштааст, ки шахси номаълум гӯшвораҳои тиллоии духтари панҷсолаашро аз гӯшҳояш канда гирифта, аз маҳалли воқеа ғайб задааст.
Дар натиҷаи бурдани корҳои тафтишотӣ маълум шуд, ки шахси дастгиршуда 5 июли соли ҷорӣ низ бо ҳамин усул гӯшвораҳои тиллоии як духтарчаи сесоларо аз гӯшаш канда гирифтааст.
Тафтиш аз рӯи ин қазия идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






