Қаноатмандии Салавот Сагитов аз равобити ҳамкориҳо
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Салавот Сагитов, ки дар чорчӯбаи ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омада буд, 11 сентябр ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард.
Тавре ки котиби матбуоти ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ин сафар ӯро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло, профессор Раил Асадуллин ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо ректор Абдуҷаббор Раҳмонов ҷонибҳо аз барқароргардии риштаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Салавот Сагитов Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллоро аз макотиби олии тараққикардаи кишвараш унвон намуда, тасвиби созишномаҳо миёни ду таълимгоҳи омӯзгориро ба манфиати ҳарду тараф арзёбӣ кард. Дар такя бар қавли ӯ, аллакай дар сатҳи баланди ҳукуматӣ аз ин иқдоми наҷиб огоҳ ҳастанд ва ташрифи худи ӯ ба донишгоҳи мо ҳамчун нишони умедворӣ ба ояндаи неки ҳамкориҳо мебошад.
А.Раҳмонов барои тавсеаи робитаҳо дар ҳама ҷодаҳои таълим изҳори омодагӣ намуд. Ҳамзамон аз меҳмон даъват ба амал овард, то аз бинои нави таълимӣ-туҳфаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва сулҳ ба аҳли донишгоҳ тақдим шуд, дидан намояд.
Дар мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон бо аъзои Шӯрои олимон бо ишора ба густариши ҳамкориҳо таъкид шуд, ки аллакай дар заминаи шартномаҳои оғози соли нави 2014 ба имзо расида, 25 нафар донишҷӯи ДДОТ пас аз хатми зинаи бакалавр дар Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон дар риштаи магистратура идомаи таҳсил дорад. Моро зарур аст, ки дар зинаҳои аспирантура ва докторантура низ равобитро таҳким бахшем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






