«Қасам мехӯрам, ба коре, ки пеша кардаам, содиқ бошам»
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- «Қасам мехӯрам, ки то охир ба халқи худ, Ватан ва коре, ки пеша кардам, содиқ бошам, ҳамеша корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, ҷавонмард ва боинтизом бошам, дар хидмат намунаи ибрат буда, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, сирри давлатӣ ва хидматиро пинҳон дорам»-ин матнро афсарон-курсантони курси якуми Академияи ВКД дар маросими савгандёдкунӣ, ки дар саҳни академия баргузор гардид, ботантана қироат намуданд.
Дар ҷараёни маросими қасамёдкунӣ сардори Академияи ВКД Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир зикр кард, ки «Ҳар як курсанти академия бояд баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ омода бошад ва хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро вазифаи муқаддаси хеш шуморад».
Ҳамчунин собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Мирзо Неъматов иброз намуд, ки баҳри шунавандагон дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми шароит муҳайё гардонида шудааст. Аз шунавандагон танҳо талаб мешавад, ки давраи донишҷӯиро бо баҳои хубу аъло паси сар намуда, ба халқу Ватан содиқона ва софдилона хизмат намоянд.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар мақомоти корҳои дохилӣ теъдоди духтарон зиёд гардида, онҳо низ дар қатори мардони далеру шуҷоъ хизмати хешро адо менамоянд. Ин аст, ки ҳамасола ба Академияи ВКД духтарон аз манотиқи гуногуни кишвар ҳуҷҷат супорида, бо шавқи зиёд соҳиби номи донишҷӯӣ мегарданд.
Дар қатори 270 нафар курсанте, ки савганд ёд кард, 10 нафараш духтар буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






