Қоҳир Расулзода ба Ню Йорк рафт
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои иштирок дар кори иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони миллали Муттаҳид ба шаҳри Ню Йорки Иёлоти Мутаҳидаи Амрико сафар кард.Иҷлосияи 69-ум Маҷмааи умумӣ дар қароргоҳи Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк доир гардида, аз номи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва сӯханронӣ менамояд.Барномаи сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Ню Йорк ҳамзамон аз дидору мулоқотҳо бо роҳбарони як зумра ҳайатҳои давлатҳои узви СММ, роҳбарияти СММ ва сохторҳои зертобеи он, ҳамчунин роҳбарону намояндагони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ иборат мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






