Ҳалокати як оила дар садамаи нақлиётӣ

Сентябрь 3, 2014 16:23

Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз, ронандаи мошини тамғаи «Musso» Сайфиддин Назаров, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «КАМАЗ-5320», таҳти идораи ронанда Абдуғаффор Бобоҷонов, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархӯрдааст.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар натиҷа мусофири мшини тамғаи «Musso» Меҳрӣ Шарифова, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Айнӣ (ҳамсари ронанда) ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда С. Назаров ва фарзандони ноболиғаш Ҳомиди Сайфиддин, соли таваллудаш 2001 ва Холбибии Сайфиддин, соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Сентябрь 3, 2014 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад