Ҳамаи донишгоҳҳо ба низоми тестӣ мегузарад
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Вазифаи Маркази миллии тестӣ танҳо амалӣ гардонидани низоми ягонаи қабули имтиҳонҳо ба мактабҳои олӣ нест. Ин сохтори навтаъсис вазифадор аст, ки баъди анҷоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омӯзиш ва мониторинги сифати таълими фанҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо, мактабҳои алоҳида ва умуман дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳлилҳо гузаронад ва хулосаҳои худро барои беҳтар намудани сифати таълиму тадрис ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд»,- гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Минбаъд ҳама гуна озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи гуногун бояд дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шаванд ва кафолати шаффофияти онҳо таъмин гарданд.
Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки соли оянда бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ба сатҳи дониши довталабон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси замонавӣ қабул ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, донишгоҳҳои пӯлод ва хӯлаи Маскав, энергетикаи Маскав ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба истиснои муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






